Исҳоқи Ҳусния – Муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 

Исҳоқи Ҳусния 23.09.1979 дар ноҳияи Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик маълумоташ олӣ мебошад. Соли 2000 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  ва соли 2017 магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисосаш муҳандис-иқтисодчӣ, кори иҷтимоӣ мебошад.

Исҳоқи Ҳусния аз соли 1996 то соли  2000 донишҷуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 

Солҳои 2000-2001 иқтисодчии Агроинвестбонки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Солҳои 2001-2003 мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Солҳои 2003-2004 муовини директори Муассисаи истеҳсолоти "Кишт"-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Солҳои 2004-2005 мудири Шуъбаи меҳнати Ҳукумати ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Солҳои 2005-2006 мутахассиси дараҷаи аввали Идораи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва фарҳангии кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои  2006 (06-10 ) сармутахассиси Идораи робита бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2006(10-12) сармутахассиси Раёсати сиёсати иҷтимоӣ ва муносибатҳои байналмилали Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2006-2007  сармутахассиси Раёсати  кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2010 мудири Шуъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2011 сардори Шуъбаи умумии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2011-2013 роҳбари Мафҳили фарҳанг ва эҷодиёти ҷавонони маркази миллии имконоти ҷавонон, Лоиҳаи GIZ 

Солҳои 2013-2014 сармутахассиси Шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Солҳои 2014-2017 сардори Шуъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2017-2020 мудири Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2020-2021 муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Аз моҳи июли соли 2021 то ҳол муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад.