Саидмуминзода Аббос – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Саидмуминзода Аббос 25 - уми апрели соли 1980 дар деҳаи Файзободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1986 ба синфи якуми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 - и ноҳия рафта, соли 1997 мактаби номбурдаро хатм намуд. Худи ҳамон сол ба шӯъбаи муносибат ҳои байналхалқии ДМТ дохил шуда, онро бо ихтисоси дипломат соли 2002 хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ солҳои 2002-2004 ба фаъолияти соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе машғул шуд. Солҳои 2004-2007 сарматаххасиси идораи сиёсати иҷтимоии Кумитаи кор бо ҷавонони, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2007-2008 сармутаххасис-муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе. 2008-2011 Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Солҳои 2011-2012 магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе. Солҳои 2012-2014 Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Солҳои 2014-2016 сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе. Солҳои 2016-2020 муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Солҳои 2020-2021 сардори Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе. Аз сентябри соли 2021 то ҳол Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият менамояд. Оиладор соҳиби 3 фарзанд.