Одиназода Бозоралӣ – Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Одиназода Бозоралӣ Неъмат 21 ноябри соли 1965 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик маълумоташ олӣ мебошад. Солҳои 1983-1984  донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буда, солҳои 1984-1986  дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст.  Солҳои 1986 ба  Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохи шуда, онро соли 1991 бо ихтисоси муҳандис- механик хатм намудааст. 

Одиназода Бозоралӣ Неъмат  соли  1991 то соли1994 ассистенти кафедраи ТМД ва АМ-и  Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;

Солҳои 1994-2000 - унвонҷӯ ва аспиранти Институти пӯлод ва хӯлаҳои шаҳри Москва; 

Солҳои 2000-2002 - намояндаи Кумитаи саноати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия; 

Солҳои 2002-2004 - иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «М ва КТ»-и Донишкадаи  политехникии Тоҷикистон;

Солҳои 2004-2005 - мудири кафедраи байнидонишгоҳии «ҶОМЗ»-и Маркази миллии патенту иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2005-2008 - муовини ректор оид ба корҳои ташкилию тарбиявии Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик  М. Осимӣ;

Солҳои 2008-2011 - декани факултети механикӣ ва технологии Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик  М. Осимӣ;

Солҳои 2011-2013 - муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик  М. Осимӣ;

Солҳои 2013-2014 -муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2014-2018 - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; Соли 2018 (02-06) - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ; 

Аз  моҳи июни соли 2018 то инҷониб раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад.