СУМАНАК РАМЗИ БАҲОР

Ҳамадонӣ: Андеша  

Суманак-рамзи баҳор

            Аз бибиям ёд дорам, ки мегуфт, барои пухтани суманак гандумро тоза карда, дар оби хунук мешӯянд ва сипас дар зарфи зангногир тақрибан се рӯз тар карда, нигоҳ медоранд. Дар арафаи иди Наврўз ҳар сол бибиям ин корро мекард ва ман бо диққат онро мушоҳида мекардам. Ҳини неш задани гандум бибиям онро ба ғафсии 1 — 1,5 см ба рӯи тахтаи тоза рехта, дар ҷои соя мегузошт ва то сабзидан ҳар пагоҳӣ об мепошид. Баъди сабза кардани гандум (тақрибан баъди 3 — 4 рӯз) сабза (майса)-и онро қима мекунанд ё дар ўѓурак мекӯбанд ва аз болояш об рехта, се маротиба аз дока фишурда, шираашро мегиранд. Ҳангоми пухтани ин хўроки қадимаи ниёгони мо њатман се чор нафар ҳамсояҳои мо ба бибиям кўмак мекарданд.  Вақте мушоҳида мекардам, онҳо дар зарфҳои алоҳида шираи суманакро нигоҳ медоштанд. Равғани пахтаро доғ карда, хунук карда, ба он орд, шираи сабзаи гандум рехта, омехта намуда ва дар оташи баланд меҷӯшонанд. Сипас шираи дуюм ва сеюмро рехта, пухтанро давом медоданд. Бибиям таъкид мекард, ки суманакро дар оташи баланд 10 — 12 соат мепазанд ва барои насӯхтани таги дег ба он 15 — 20 дона чормағз ё монанди он сангча андохта, бо белчаи чӯбин мунтазам кофта меистанд. Баъди пухтан, оташи таги дегро кашида, суманакро 2 — 3 соат дам медоданд. Бибиям як кори хуб дошт, ў ғайр аз шираи гандум ба суманак қиёми қанд (ё ширинӣ) низ ҳамроҳ мекард дар ин ҳолат суманак ширин шуда, таъми хубе пайдо мекард ва мо онро муддати дароз нигоҳ дошта, тановул мекардем. Имсол низ аз бибиям умедворем, ки барои мо наберагони ширинаш чунин хўроки болаззат мепазад.

Фараҳноз Ҳалимзода, хонандаи синфи 9-и МТМУ 52