НАВРӮЗ ҶАШНИ АҶДОДИИ МО

Ҳамадонӣ: Андеша  

Наврӯз- ҷашни ниёгони мо

      Бояд қайд намуд, ки Наврӯз дар тарҷума аз забони форсӣ (тоҷикӣ) “рӯзи нав” аст. Он дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз – 21 март таҷлил мешавад. Тибқи иттилои ситорашиносон имсол Наврӯз рассо соати 08:06-и рӯзи 20 марти соли 2024 фаро расид. Наврӯз нишони бедории табиат ва инсон, покизагии рӯҳ ва оғози ҳаёти нав аст. Ҳар як инсон маҳз дар ҳамин шабу рӯз тағийри ботинию зоҳирӣ намуда, якдигарро авф менамоянд ва кинаву кудуратро аз дилҳои худ дур менамоянд. Наврӯз — ҷашни баробаршавии рӯзу шаб ва оғози соли ҷадиди кишоварзӣ дар халқҳои эронитабор ва бархе аз қавмҳои турктабори Қазоқистон, Осиёи Миёна ва Хурд, Эрон ва ҳамчунин миёни бошқирдҳо ва тоторҳо мебошад. Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид.Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якӯм то панҷӯми моҳи фарфардин гиромӣ дошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарфардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои тахрихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намуданд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукумронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Агар ба тахърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд. Дар баробари пайдоиши ҷашни Наврӯз дар байни олимон ва таърихшиносони қадиму муосир фикрҳои зиёд ба чашм мерасад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд.

        Дар замони соҳибистиқлолӣ давлату ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамоянд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардуми таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад. Аз ин лиҳоз ҷашни Наврӯзро ба мардуми тоҷик ва тоҷикистониён табрику таҳният гуфта ба ҳамаи онҳо пеш аз ҳама саломати умири дароз ва дар зиндагониашон хушиҳои зиндагиро тамано дорам.

 

Шамсиддин Саидов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия