ВОХЎРӢ БО КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ КОРРУПСИЯ 

Ҳамадонӣ:  

   Имрӯз дар асоси нақшаи кории шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохўрии намояндаи он зери роҳбарии нозири калони бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоии минтақаи Кўлоб Аҳмадзода Нурулло Маҳмуд бо фаъолон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.Саравал муовини раиси ноҳия муҳтарам Ҳусния Исҳоқӣ ба сухан баромада, оид ба аҳамият ва зарурати Паёми имсолаи Президенти мамлакат ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар самти пешгирии муқовимат бо коррупсия ибрози андеша намуданд.  Сипас нозири калони бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи Агентии назорати даввлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб Аҳмадзода Н.М. оид ба муҳтавои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рафти амалишавии он дар ташкилоту муассисаҳо сухан гуфта, қайд намуданд, ки Президенти кишвар зимни ироаи паёми худ чандин нуқтаҳои муҳимро ёдовар шуданд: " Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.

Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

  Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд". 

       Яъне, бо ташаббус ва ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз сатҳи некуаҳволии мардум беҳ гардида, шароити зиндагии шаҳрвандон тадриҷан хуб шуда истодааст. Ҳамчунин, номбурда дар бораи рафти иҷрои “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030” маълумот дод. Зимнан баён гардид, ки коррупсия низ дар баробари чандин зуҳуроти номатлуби доғдоркунандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, паҳн гардидани он ва пешгирӣ накардани ин раванд метавонад дилхоҳ миллату давлатро ба нестӣ оварда расонад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо коррупсия ҳадафҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намуданд. 

         Қабули Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030 яке аз онҳост, ки метавонад дар решакан намудани ин падидаи номатлуб саҳми бориз гузорад.

Дар интиҳо аз тарафи ҳозирин ба намояндагони бахш суолҳо пешниҳод гардида,ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ҷ.Қувватзода