БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ. 

Ҳамадонӣ: Ҳисобот  

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳия оиди ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда бо иштироки муовини раиси ноҳия Муҳиддинзода Д, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Хусайнзода С, аъзоёни Кумитаи иҷроияи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагони ВАО ва собиқадорони ҳизб баргузор гардид.

   Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

    1.Ҳисоботи раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оиди фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

   2.Дар бораи таъсиси Ситоди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар давраи маъракаи “Обуна -2024” ба нашрияи марказии ҲХДТ “ Минбари халқ” ва “ Ҳамрози халқ” ;

    3.Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

  4. Тасдиқи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023;

    5.Тағийрот ба ҳайати аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;

   6.Масъалаҳои ҷорӣ.

   Аз рӯи масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ А.Саидмуминзода ҳисобот дод. 

 Инчунин ба 10 нафар ҷавонон шаҳодатномаи ҳизби дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

  Аъзоёни ҳизб, ки дар чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуданд ва дар амалисозии ҳадафҳои созандаи ҳизб саҳми муносиб гузаштанд бо СИПОСНОМАҲОИ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳамадонӣ сарфароз гардонида шуданд. 

 Маҷлис аз рӯйи масъалаҳои пешниҳодгардида қарорҳои дахлдор қабул намуд.