“ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳангӣ Данғара” барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи муассиса Аксияи ҳизбии “ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР" яъне тоза намудани гирду атроф баргузор гардид. Чунин иқдом ҳамарӯза дар ташкилоти ибтидои ҳизбии ниҳияи баргузор мегардад. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи гулҳову дарахтонро нарм карда,  атрофи коргоҳи худро аз ҳар гуна алафҳои бегона ва дигар партовҳо тоза намуда, ба ин васила саҳми худро дар сарсабзу хуррамгардонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити гирду атроф ва тоза намудани назди коргоҳи худ гузоштанд.