БЕСАВОДӢ БОИСИ СОДИР КАРДАНИ ҶИНОЯТ АСТ

Данғара: Андеша  

Дар ҷаҳони мутамаддин, ки ҳамарӯза шидатноктар гардидаистодааст, ҷавонони нодону ноогоҳимо гирифтори амалҳои нангину сангини террористию ифротӣ гашта истодаанд. Ин амалҳои ҷавонони ноогоҳ ва тарбияи дурусти оилавӣ нагирифта, фирефтаи гурӯҳҳои террористию ифротгаро мегарданду бо амалҳои худ обурӯйи миллати кӯҳантамадуни худро, ки зиёда аз 6,5 ҳазорсола доштаи бузургонашонро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонида, миллат ва давлати моро бадном мекунанд.

Айни замон дар аксар давлатҳои дунё муҳоҷирони  меҳнати мавҷудад, локин бинобар сабаби надонистани забоҳои хориҷӣ муҳоҷиронашон мавриди шиканҷаю зулми органҳои қудратии он кишварҳо дода мешаванд.

Аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат гаштаю баргашта иброз намуданд, ки  аз он ки фарзандро ба хориҷи  кишвар  фиристем аввал онҳоро мутахассиси касбӣ ва забонҳои хориҷиро ёд дода, сипас онҳоро барои хондан ё худ кор кардан ба хориҷа сафрбар куни беҳтару хубтар аст, чунки дар сурати надонистани забон ё надоштани касбӣ муайяни корӣ надошта бошанд танҳо ба корҳои душвори каммаош  ҷалб карда шуда, ба ҷойи 8 соати кори 10 – 12 соати кори фармуда музди маоши ночиз медиҳанд, ки барои ҳуқуқҳои худро соҳиб шуданду талаби ҳаққи  кориашон забондонӣ роҳи асосиро мебозад. Аесаран миллатҳои аврупои ба Ҷумҳурии Руссия ба кор намеоянд,  чунки музди маош нисбати давлатҳои Аврупоӣ касб асту қаноатманд намекунанд.  Аз ин хотири ҳамаи  муҳоҷирони  мо, ки  бинобар сабаби надонистани забонҳои хориҷӣ  дар  дар маркази  таваҷҷуҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқи  давлати Руссия буда, аз  бесаводию нодони онҳо истифода карда оҳоро  мавриди шиканҷа , лату куб  карда, айби  дигаронро ба гардани  муҳоҷирони тоҷик бор мекунанд.

Имрӯзҳо ғайри  миллатҳои Осиёгӣ ягон минтақаҳои дигар  барои муҳоҷирони меҳнати ба Руссия намеоянд, зеро ки асори рубли Руссия дар бозори ҷаҳонӣ хело  коҳиш ёфтаасту, қаноатманд намекунад.  Акнун муҳоҷирони  тоҷикро мебояд сари  он гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андеша кара, пеш аз баромадан аз ҳудуди  ҷумҳури касб ва сипас забондон бошӣ, ки ҳаққи худро соҳиб шавию гирифтани ҳаргуна буҳтонҳо нагардӣ. Нодонию бесаводи худ ҷаҳолат аст, ҷаҳолат нодонӣ ба ҳама қонуншиканию ифротгароӣ бурда мерасонад. Ба муқобили чунин зуҳурот бояд якҷоя мубориза бурд.

КАРИМЗОДА Пирмуҳаммад Афғон – Руиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара