ҶАВОНОН – ЗАХИРАИ МИЛЛАТ ВА ОЯНДАИ ДАВЛАТ

Данғара: Вокуниш  

Аз рӯзҳои соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ҷавонони неруманди кишвар зиёд буда, баҳри баланд бардоштани нуфузу манзалати онҳо дар ҷомеъаи навин тамоми имтиёзҳоро муҳайё намуда, ба ҷавонон итминони комил дорад, ки дар оянда давомдиҳандаи кору пайкори гузаштагони худ хоҳанд буд.

Маҳз андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин иборат аст, ки имрӯз месазаднасли ҷавону ноогоҳи худро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, садоқат ба давлату миллат аз овони тифли тарбият намуда,  ба камол расонем, ки дар оянда ин давлату миллатро соҳиби кунанду аз ҳамаи тазодҳои пешорӯй ҳифз намоянд. Ба муқобили душманони давлату миллат муборизаҳои оштинопазир баранд, халқу давлатро вориси карда, нагузоранд, ки бадандешон онро ноором гардонанд. Ба ҳамаи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ накарда, ҳолоҳам нафароне ҳастанд, ки намехоҳанд дар Тоҷикистони биҳиштосои мо амну амонӣ пойдор бошад ва бо ҳар воситаю амалҳояшон ин амну осоиштагии моро халалдор намуда, пешравиҳои имрӯзаи моро нодида мегиранд ва мехоҳанд, ки миёни ҷавонони ноогоҳу нодон ташвиқу тарғиби зидди давлатӣ бурда, онҳоро ба корҳои нопок аз қабили куштору қатлу ифротгароӣ ҷалб месозанду онҳоро бо ин амалҳояшон теша ба решаи худ мезананд, ки басо нангин аст ва миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ бадному паст мезананд.

Аз ин хотир ҷавонон, ки пайравони асили Пешвои миллат аст бояд содиқ будан ва дар асл пайравии Пешвои миллат будани худро бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш исбот намоянд. Ғамхориҳое, ки нисбати ҷавонон шудаистодааст дар ягон давлати дунё чунин ғамхориҳо карда нашудааст. Ҷавонони мо бояд имрӯз аз соҳибистиқлолию сарсабзии Модар-Ватани худ ва сарвари ғамхору  дилсузашон ифтихорманд бошанду баҳри ояндаи дурахшони миллати хеш камари ҳиммат баста аз ҳарвақта дида меҳнат кунанд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар воқеъ ҷанати  руйи замин гардонанд.

КАРИМЗОДА Пирмуҳаммад Авғон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара.