КОНФРОНСИ  ИЛМӢ БАХШИДА БА “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР АМАЛ”

Данғара:  

Мутафаккири барҷастаи тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифӣ фармудааст:

Додгарӣ шарти ҷаҳондорӣ аст,

Давлати боқӣ зи камозорӣ аст.

Мамлакат аз адл шавад пойдор,

Кори ту аз адли ту гирад барор.

Баргузории конфронси илмӣ бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ дар муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар н. Данғара зери унвони  “Соли маъррифати ҳуқуқӣ дар амал”. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон ва болоравии дониши ҳуқуқии онҳо чорабинии зерин бо ташаббуси маъмурияти муассиса баргузор гардид. Раванди баргузории конфронс сатҳи баланди дониши хонандагонро дар ин самт нишон дод. Ҳашт нафар хонандаи муассиса, ки ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон аз фанни ҳуқуқ буданд, исбот карда тавонистанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тамоми паҳлуҳояш аз бар намудаанд. Баргузории конфронси мактабӣ нишон дод, ки хонандагони Мактаби Президентӣ дар оянда бо дониши баланди ҳуқуқии хеш мақсад доранд, ҳамчун наслҳои сазовори ин ҷомеа ба воя расанд.