ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

Данғара: Андеша  

Қаҳрамонон намемиранд. Ҷанги дуюми ҷаҳон мудҳиштарин фоҷиаҳои таърихӣ башарӣ  маҳсуб меёбад, ки дар он миллионҳо сокинони сайёра қурбон гардида буданд. Фашизми олмонӣ бар сари мардуми Аврупо ва Осиё фалокатеро бор кард, ки онро башариати одам асло надида буд. Вай қариб тамоми Аврупоро тасарруф намуда, мувофиқи нақша бояд хоки Ҳукумати Шӯравиро низ пурра тасхир мекард, вале ин нақша барбод рафта, соҳибонаш ба мурод нарасиданд. Фашизми Олмон пурра торумор гардид. Дар ин ҷанги беамону хонумонсӯз, ки чор сол давом ёфт, зиёда аз 56 миллион нафар одамон ҳалок гардиданд. Аз он ҷумла 26 миллион нафарашон шаҳрвандони ИҶСШ буданд. 300 ҳазор ҷавонмардони тоҷик низ дар ин ҷанги хонумонсӯз иштирок намуданд.  Ҳатто дар ин ҷанги хонумонсӯз занон низ дар фронт ба сифати робитагӣ, тирандоз, теллеграфист ширкат варзидаанд, дар майдонҳои набард шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар чор соли ҷанг занон ба ҷойи мардон ҳатто тракторчӣ шуда, аксарияти онҳо кулли рӯз дар саҳрои пахта, ҷобуқи обмонӣ карда, шабҳои маҳтобӣ бо дос ғалла медаравиданд. Садҳо модарон бепарастор ва кӯдакон ятим монда буданд. Гуруснагӣ мардумро таҳдид мекард. Вале мардуми мо ба ҳамаи душвориҳои гарони замони ҷанг тоб оварда, оқибат ба муроди хеш расиданд. Бисёр занону модароне, ки дар ақибгоҳ меҳнати диловарона карда, барои Ғалаба саҳмгузорӣ карда буданд, бо мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шуданд.

Фаиҳи Прага аз ҷониби АртишиШӯравӣ аз шуҷоату мағлубнопазир будани иродаву матонати ҳар тан аз ҷанговарони мо дарак медоду паёме рӯшане буд, ки то барҳам пошидани низоми фашистӣ рӯзҳои башумор мондааст. Иттиҳоду якдилии миллатҳои гуногуни кишварҳои бародар буд, ки мо ҳуҷуми ногаҳонии фашистону иттифоқчиёнашро баргардонида, онҳоро саркӯб карда, тавонистанд. Да фронт як рӯҳияи бузурги матонату шуҷоатмандӣ ҳукумрон буд. Қарорҳои полки дар як рӯҳияи бузурги матонату шуҷоатмандӣ ҳукумрон буд. Қарорҳои поки дар як мавзеи начандон калон ҷойгир буда, атрофи онро ҷангалзор иҳота карда буд. Таваҷҷуҳ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи Рӯзи Ғалаба бештар гардида буд. Сокинони Тоҷикистон хотирае онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ ва истисмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷо меоранд.

Нишони қадрдонӣ аз мардонагию ҷасорат дар мубориза бар фашизми гитлерӣ беш аз 55 ҳазор аскарону афсарони Тоҷикистон  бо ордену медалҳои ҷангӣ   мукофотонида шудаанд, ки аз ин 16 – ҳазораш аз вилояти Хатлон мебошад. Мардуми мо хотираи онҳоеро, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуда, дар таъмини Ғалаба саҳми худро гузоштаанд, ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад кард, зеро ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад.

Маълум аст, ки имрӯз ветеранҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хеле кам мондаанд. Бинобар ин, нигоҳдошти поси хотири гузаштагон, эҳтиром ва қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳое, ки дар қайди ҳаётанд, вазифаи муқаддаси фарзандии мост. Таҷрибаи роҳи тайкардаи зиндагӣ огаҳ месозад, ки эҳтиром доштани калонсолон ва кӯмак ба ветеранҳои ҷангу меҳнат, шахсони барҷомонда ва муҳтоҷро дар доираи анъанаҳои қадимии халқи тоҷик пайваста идома диҳем.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ – муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара