ОҚИЛОНА ВАСАМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ,  ҳамчунин шарҳу тавзеҳи муҳтавои эълон гардидани соли 2024, ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар асоси нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, гурӯҳҳои корӣ фаъолияти худро бо усули хона ба хона  ва заминҳои назди муассисаҳо ба роҳ мондаанд. Зимни сӯҳбат бо сокинони деҳаву маҳаллаҳо нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба мардум фаҳмонида мешавад. Барои амалӣ шудани ин масъалаҳо ва дастгирии онҳо аз ҷониби шаҳрвандон аъзоёни гурӯҳҳои корӣ худашон низ бояд намунаи ибрат бошанд. Зимни боздид аз замини наздиҳавлигии маълум гардид, ки сокинон замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода бурда, айни замон дар он картошка, помидор, бодиринг, қаламфур ва дигар дарахтони мевадиҳанда кишт намуда дар кишти такрорӣ ният доранд, ки зироати ҷуворимаккаи дон бикоранд.