ВОРИДШАВИИ  2500 – СОЛАГИИ  ШАҲРАКИ ҚАДИМАИ ТАХТИ САНГИН БА ФЕҲРИСТИ ҶАШНВОРАҲОИ ЮНЕСКО

Данғара: Андеша  

Дар Паёми ироагардидаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар дарҷ гардидааст: “Соли 2023 – юм 15 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид”.

Бинобар, ин тибқи пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар назди Ҳукумати мамлакат сохторҳои алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода мешавад.

Тахти сангин аз ҷумлаи он ёдгориҳои пурарзиши аҷдодиамон аст, ки дар худ таърихи куҳанро таҷассум кардааст. Он дар қисмати шарқии ноҳияи Қубодиён дар паси қаторкӯҳи Тешиктош, соҳили рости рӯди Ому, воқеъ гардидааст. Дар бораи интихоб шудани ҷойи шаҳр қиссаю ривоятҳои гуногуни ҷолиб мавҷуданд.

Бостоншиносон ба бозёфт ва далелҳои илмӣ такя намуда, яке аз сабабҳои асосии бунёди ин шаҳрро Роҳи бузурги абрешим медонанд, ки Шарқу Ғарбро бо ҳам мепайваст. Бештар корвониён ба воситаи дарёи Вахш рахти сафар мебастанд, онҳо ба марзи имрӯзаи Афғонистон, Ҳинду Чин мерафтанд, зеро дар ҳамин минтақа дарё орому сокит буд, убур намудани он барои бозаргонон басо мусоид меафтод.

Дар Тахти сангин маснуотӣ очӣ (аз устухонҳои фил сохташуда) хеле зиёд пайдо шудаанд, ки ба ин васила аз Ҳиндустону Африқо ба ин минтақа устухони фил оварда мешуд.

Масоҳати шаҳраки Тахти сангин 75 гектарро ташкил медод. Он ду дарвозаи даромадгоҳу баромадгоҳ дошт. Дар дохили шаҳристон диж, ё арки бузург қомат афрохтааст, ки 237 метр дарозӣ ва 165 метр паҳно доштааст.

Аз ин рӯ мо мардуми тоҷикро месазад, ки чунин ёдгориро ҳифз намоем.

МАҲИМОВ Миратулло – омӯзгори ЛТТ “Афлотун” –и ноҳияи Данғара, аъзои фаъоли ҳизбӣ, котиби ташкилот