НАҚШИ ҶАНГОВАРОНИ ТОҶИК ДАР ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН

Данғара: Андеша  

Баъди таъсисёбии фашизм дар давлатҳои Аврупоӣ ва ба сари қудрат омадани Адолф Гитлер ӯ тамоми мамлакатҳои  Аврупоир ба монанди Франсия, Италия, Чехия, Полша, Венгрия, Руминия,  Югославия  ва дигаронро бе ягон ҷанг ба зери тассаруфи худ дароварда, армия ва яроқҳои  ин кишварро ҷамъ намуда, барои ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ ҷангидан омодагии ҷиддӣ медиданд ва дар ниҳоят 1 – сентябри соли 1939 ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз гардид. Нақши сарфармондеҳи Олии фашистӣ дар се самт, самти Шимолӣ то Ленингарад, самти  марказӣ то Масков ва ҷанубӣ то республикаи Қафқоз равона карда шуда, дар як муддати кӯтоҳи амалиёти  ҷангӣ ба ғалабаи худ паради ҳарбиашонро дар рӯзи 7 – ноябр дар Кремл ҷашн гирифтанд.  Ин нақшаи генералии армияи фашистӣ “Барбарос” (Молная) чароғак ном дошт. Вақте, кӣ омодагии ҷангӣ дар  сарҳади Иттиҳоди Шӯравӣ мерафт, разведкаи Шӯравӣ ба Кумитаи  марказии Итиҳоди Шӯравӣ хабар дод, аммо  бинобар сабаби шартномаи ҳуҷумнакардан ба якдигар бо давлати Германия ба муҳлати 10 – сол байни давлати Шӯравӣ бовар намекарданд. Ниҳоят армияи муттаҳидаи Германия рӯзи 22 – июни  соли 1994 шабона ба сарзамини давлати Шӯравӣ аҳдшиканона ҳуҷум кард.  Аввалин шуда Қалъаи “Брресӣ” муҳорибаро ҳамроҳи сарҳадбонони  ғарбӣ ба худ гирифт. Ҷанг ҷанги беамону сахт буд, ки армияи фашистӣ сар то по муссалаҳ ва яроқҳои вазнини  ҷангӣ меҷангиданд. Аммо дар муқобили онҳо армияи Иттиҳоди Шғравӣ мардонавор истогарӣ менамуд. Баробари эълон гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи  сарфармондеҳи Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Висарионович Чугашвили (Сталин) мардуми мамлакати Шӯравӣ, ки дар ҳудудаш  зиёда аз 15 Ҷумҳуриҳои мустақилу автономӣ доштанд ва дар онҳо  халқҳои гуногуни дунё зиндагӣ мекарданд. Барои дифои мамлакати  Иттиҳоди Шӯравӣ бархоста, ихтиёран барои сарнагун сохтани армияи фашистӣ бархостанд.

Ҳамаи халқу миллатҳои  давлатии Шӯравӣ баҳри ҳар  як ваҷаб замини худ ҷонбозиҳо карда нагузоштанд, ки нақшаи генералии артиши муттаҳидаи фашистӣ амалӣ шавад.  Ҳамин тариқ аз Ҷумҳуриҳои бародарӣ сарбозон ба  сафи пеши фронт сафарбар гардида, онҳо  паҳлӯи ҳам истода бо душман меҷангиданд. Баъди ба  муҳорибаҳои сахти ҷанги рӯбарӯ шудани душман Адолф Гитлер ҳис кард, ки дар ин ҷанг нақшаи кашидаи ӯ амалӣ нахоҳад шуд. Махсусан моҳи ноябри соли 1943, ки дар  таърихи  ҷанги дуюми ҷаҳонӣ муҳорибаи  тақдирсозу ҳалкунанда буд, тақдири ҷанги дуюми ҷаҳонро ҳал намуд, чунки  дар ин муҳориба Федмаршалӣ немис бо армияи зиёдаш ба тарафи Шӯравӣ гузашта таслим шуданд. Ҳамин  тариқ дар ин ҷанги бехонумон зиёда аз 300 ҳазор сарбозони Тоҷикистон сафарбар карда шуда буданд. Фарзандони тоҷик дар майдони муҳориба қаҳрамонона ҷангида, бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравиро сарфароз гардиданду иддае аз онҳо дар  майдони муҳорибаҳои хунин беному нишон шуданд ва дигар ба Ватан бар нагаштаанд, ки то ба имрӯз хонадони  онҳо бозгашти бобову падаронашонро интизорӣ мекашанд.

Мардуми тоҷик низ дар ин ҷанги хонумонсӯз саҳми  арзандаи худро гузоштанду 54 – нафар фарзандони он бо  унвони Олии Иттиҳоди Шӯравӣ “Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ” мушарраф гардидаанд, ки имрӯзҳо  лавҳаю ҳайкалҳои онҳо дар ҷойҳои  махсус гузошта шуданд. Ҳамзамон кӯчаю маҳаллаҳои аҳолинишин бо номи онҳо номгӯзорӣ гардидаанд.  Имрӯзҳо ҷавонон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аз оромгоҳи ин  ҷанговарон дидан намуда, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани  оромгоҳ  корҳои обониро ба роҳ мондаанду, кору пайкори онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва нахоҳанд кард.

КАРИМЗОДА Пирмуҳаммад Авғон – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара