ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ

Данғара: Созандагони ватан  

Вобаста ба самтҳо ва паҳлӯҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, нуқтаҳои асосии онро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ дода шуд.

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” – ноҳияи Данғара  вохӯрҳо  баргузор гардида истодааст.

Дастоварду пешравиҳои соли сипаригардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ва ҳозиринро ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, вазъи геопалетикии ҷаҳон вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, рушди соҳаи илму маориф, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”   таъкид намуданд.