НАМОИШ КИТОБҲОИ ТОЗАНАШР ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

Данғара:  

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоиши китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷику форс баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба амалигардии барномаҳои гуногуни давлатӣ, бахусус роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм фурӯғи маърифат" ва “Тоҷикон - оинаи таърихи миллат” аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Данғара дар намоишгоҳи махсуси муассиса пайваста намоиши дастовардҳои илмӣ ва адабиёти тозанашр ба маъраз гузошта мешавад, ки ин алакай доираи китобдӯстонро дар байни худи донишҷӯёну омӯзгорон бамаротиб зиёд намудааст. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб – ғизои маънавӣ зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Хушбахтона, ин анъанаи некӣ гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, шамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.