ОМИЛҲОИ ХАТАРЗОИ АСР

Данғара: Андеша  

Пайомадҳои имрӯзи ҳазбу созмонҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир ҳушдорамон месозад, ки бо ақлу заковати худ амал намуда, ҳушёриву  зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Парвариши боварӣ ба таассуб ва хурофотпарастӣ дар ҷомеаҳое сурат мегирад, ки дар онҳо андешаҳои мафкуравии заиф дошта бошад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳолати ба вуҷуд омадни идеологӣ ва вазъи мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ дар давлатҳои Осиёи Марказии пасошӯравӣ ба ашхоси хориҷӣ ва хизматгорони дохилии онҳо дар муддати кӯтоҳ муяссар гардид, тафаккури қишри муайяни аҳолиро ба дарки арзишҳои исломӣ ба сифати асосҳои идеологӣ ва маънавӣ моил созанд, то ки муносибати шахсӣ ва ҷамъиятиро танзим намояд. Дарки бешууронаи арзишҳои исломӣ, сатҳи пасти дониш ва ҷаҳонбинии диниву дунявӣ боиси хуруҷи таассуби динӣ мегардад. Рушди руҳию равонии аҳли ин ё он ҷамъият агар ҷанбаи созандагию бунёдкориро касб намояд, дар он  ҷомеа ҷой  барои таассуби динӣ боқӣ намемонад. Доман задани таассуби динӣ дар мамолики исломӣ дар баробари ифротгароӣ ва терроризм аз он дарак медиҳад, ки дин  сарчашмаи идеяҳои қудратманд, барои расидан ба ҳаргуна ҳадаф мебошад. ва ин сарчашма дар дини ислом метавонад ҳам созанда бошаду ҳам сӯзанда. Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилҳ “терроризми исломӣ”, ки маргталабон анҷом медиҳанд, таассуби динӣ мебошад. бояд таъкид намоем, ки ифротгароӣ, тундгароӣ ва  терроризм аз таассуби динӣ сарчашма мегирад. Мубориза ба муқобили чунин падидаҳои хатарзои аср вазифаҳои мубрами илму фарҳанги дунявии муосир маҳсуб мешавад. Воқеаҳои солҳо охир аз он шаҳодат менамояд, ки махсусан дар мамолики исломӣ ба гунаи  ваҳшонияти гӯшношуниде зоҳир шуда истодааст, ки на танҳо ин ё он мамлакатро ба хатар мувоҷеҳ сохтаат, балки ба суботи ҷомеа амнияти умумибашарӣ низ таҳдид мекунад. Мансубшудагони чунин равия ба ақлгароӣ ва озодандешӣ майл доранд. Озодандешӣ ва ақлгароӣ дар таърихи Ислом нақши хосе мебозад. Таърихи афкори ислмӣ саршор аз аслҳои озодандешист. Баланд гардидани маърифати динии мардум ва махсусан, насли ҷавон яке аз омилҳои муҳими пешгирӣ аз ин равияҳо мебошад. Яке аз  сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба равия ва ташкилотҳои экстремистӣ, ин таълими ғайрирасмии динӣ дар ҳудуди маҳалла, масҷид ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад, зеро нафароне, ки гӯё ба таълими дин машғуланд, худашон  ба асли таълимот Ислом хаар надоранд. Бо вуҷуди ин  бинобар надоштани таълимоти олӣ, донишҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ, наврасону ҷавононро таҳти таъсири хурофот, ки замина барои шомил шудан ба  ҷараёнҳои тундрав мебошанд, қарор медиҳанд. Дар ин замина омили асосии гардидани теъдоди пайравони ташкилоти динӣ – экстремистӣ, ки сабаби асии шомил гардидан ба ташкилоти террористӣ мебошад, мавҷуд набудан ё мақсаднок фаъолияти надоштани дастгоҳҳои идеологӣ, дониши пасти сиёсӣ ва ҳуввияти ғайримиллӣ доштани пешвоёни дин мебошад. хурофот ва таассубу ифротгароӣ ҷаҳолат ва торикист ва ба мардум танҳо бадбахтӣ меорад, на чизи дигар. Андешамандони тоҷик ба сокинони кишвар хотирнишон месозанд, ки фирефтаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ нашаванд, зеро мақсади ниҳоии намояндагони ин ҳаракатҳо он аст,  ки зери ниқоби дини мубини ислом ғаразҳои нопокӣ хешро амалӣ намуда, вазъи ҷомеаро ноором намоянд. Зеро таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ таъсири манфии худро ба тамоми гӯшаву канори дунё мерасонанд. ар ин рӯ ба андешаи мо, яке аз роҳҳои асосии эмин нигоҳ доштани насли наврас аз шомилшавӣ ба ҳазбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти баланди миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардани онҳост.

Давлатова Паривна – Симои Данғара