АЗ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРОӢ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ИСТИҚЛОЛИЯТАМОНРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ

Данғара: Вокуниш  

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварде мебошад, ки аз ҷиҳати амнияти сиёсӣ ва маънавиаш дар тули ҳазорсолаҳо мислаш нест. Ҳар гуна хатар ба Истиқлолияти давлатамон бояд мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор дода шуда, намудҳо ва шакли зуҳуроти онҳо дақиқ, роҳҳо ва усулҳои пешгирии онҳо муайян ва баҳри аз байн бурдани онҳо тадбирҳои мушаххасӣ самаранок амалӣ карда шавад. Агар ҷавонони имрӯза ва ояндаи Тоҷикистон ин маъниро амиқ дарк намоянд, пас барои ӯ ҳифзи Ватан – модар ва истиқлолияти давлатӣ бояд қарз ва вазифаи ҳаётан муҳим маҳсуб гардад. Чунин назаррас мебошад, ки терроризм ва экстремизм дар замони ҳозира яке аз хатарҳое ба масъалаҳои геопалитикӣ сахт тавъам мебошанд. Ҳмин тариқ, шаке нест, ки терроризм ва экстремизм аз хатарҳои ҷиддитарин барои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Чуноне , ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳар Паёми худ қайд менамояд, ки торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бар асари истифодаи ҷувва ва зурӣ дар ровобити  байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадни қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зеро фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқии байналмилаллӣ хеле заифшуда, истиқлолиятӣ давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва инчунин дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ дида мешавад.  Зикр кардан ба маврид аст, ки яке аз тадбирҳои асосии пешгирии терроризм ва экстремизм ташаккули пойгоҳи ҳуқуқии муқовимат бо ин зуҳурот мебошад. ҷавонон, ки ояндасози давлатанд бо маърифати волои миллӣ тоҷикӣ ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз фирефташавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ хештанро ба канор ва қалбӣ пур аз меҳри ватанамон бахшанд, содиқона ва бо як рӯҳияи баланд Ватанамонро ҳифз ва ҳимоят намоянд. Агар лозим шавад ҷони хеш ба кӯштан диҳанду аммо Ватанро ба кас не.

КАРИМЗОДА Пирмуҳаммад Авғон – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара