ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Данғара: Вокуниш  

Мафҳуми терроризм ва террорист имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, ки  бадаҳшатафкании хеш ва зарари модию ҷисмонӣ расондан дар манотиқи кишварҳои  ҷаҳон вусъат ёфта истодааст. Истилоҳи терроризм аз  калимаи лотини террор, ки маънои тарс ва ваҳмро дорад. Террорист нафарест, ки мақсаду мароми худро бо роҳи зуроварӣ, кӯштор, тарсу ваҳм амалӣ месозад. Террорист дар ин  самт то ба худкӯшӣ кори худро ба анҷом расонида,  он амалӣ худро иҷро менамояд.  Дар даврони сохтори Шӯравӣ пайдоиши пояи атеизм ва ҷаҳонбинии аттеистӣ асоси сиёсати диниро идора мекард. Мақсади он аз байн бурдани боқимондаҳои динӣ, кӯҳнапарастӣ ва хурофот аз шуури  мардум, аз ҷомеа решакан кардани чунин андешаҳо буд. Бояд қайд кард, ки дар  баробари тараққиёту пешравӣ дар ҳар  кишвари ҷаҳон, инчунин бархе аз давлатҳои  дигарро сиёсӣ ва ба  ибораҳои  маъмули рӯз – терроризм эктремизм  фаро гирифтааст. Худоро шукр мо дар кишварамон устодону олимони хубе дорем, ки бо ин масъалаҳо изҳори назар намуда, мушкилоти ҷавононро ҳал кунанд ва инчунин метавонад инсонро аз ин ҳолати буҳронӣ берун кашанд. Агар  мушкилоти ҷавонон мушкилоти динӣ бошад, дар кишварамон донишмандони мазҳабӣ зиёд дорем, ки ҷавонон метавонанд аз инҳо истифода карда, мушкилоти диниашонро бипурсанд то муҳтоҷ ба гуфтаҳои суханварони хориҷӣ нашаванд.агар як ҷавоне, ки бо ин буҳрон гирифтор шуд ва аз касе барои рафъи буҳрони фикриаш мадад нахост ва ӯ ба таъсири як зумра бехирадон ба нияти  тундравӣ ва экстремистӣ аз кишвар хориҷ шуд, дар ин ҳолат худи ӯ зарар мебинад на каси дигар. Зеро ин ҷавон истиқлолияти фикрии худашро аз даст додааст, миллатдӯст нест. Коршиносон яке аз  сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротӣ  шомил  гардидани ҷавонони тоҷикро  тариқи шабакаҳои интернетӣ мебинанд. Ба андешаи онҳо ҷавононе, ки дониши нокофӣ доранд ба ваъдаҳои хушкӣ холӣ чун маблағи зиёд бовар мекунанд. Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратист, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи  шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он, ки тарафи ҷавонон шомилшавӣ ва гароиш ба ин гуна равияҳои ифротгароро аз байн барем, бояд эҳсоси ватандорӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносии миллиро мудом ба роҳ монда, дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро гузаронем.

Бо ҳидояту роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои беназир мушараф шудем. Мутаассифона афроде ҳастанд, ки бо сулҳу субот бо чашми ҳасад менигаранд ва мехоҳанд бо ҳадафҳои номатлуб ҷомеаро бо гирдоби нооромӣ кашанд.

Ҷавонон бояд донанд, ки ворид шудан ба равияҳои ифротӣ ҳеҷ хизмате ба ислом набуда, балки бадном кардани номи мусулмонон ва дини Ислом аст.

АХМЕДҶОНЗОДА Наргис Давлаталӣ – мудири бахши омори ва маҳзани ягонаи электронӣ