БАР ЗИДДИ ГУРӮҲҲОИ БАДАНДЕШ БЕТАРАФ НАБОШЕМ

Данғара: Вокуниш  

Омилҳои  пайдоиш ва хуруҷи ин нобасомониҳо исбот менамоянд, ки  терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун  вабои  аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист, ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиди умумӣ ба ҷомеаи башарӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Маълум аст, ки аъзои  ин гурӯҳҳо як ҳадаф доранд, ин ҳам бошад ноором кардани суботи кишвари мо ва ба вуҷуд овардани фазои тарсу ваҳм дар ҷомеа ва иснод овардан ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои нопокашон нахоҳанд расид. Бо мақсади амалӣ кардани кирдори зишти худ зери парчам ё либоси дигарон медароянд ё шиорҳои гуногунро истифода мебаранд, то махфӣ боқӣ бимонад. Гурӯҳҳои бадандеш мехоҳанд бо амалҳои ноҷавонмардонаи худ ҷомеаи ҷаҳониро тарс дода, нишон диҳанд, ки гӯё мо нисбати дигар халқу миллатҳо назари нек надошта бошем ва аз татбиқи барномаҳои созанда ва дигар дидгоҳи сиёсии Ҳукумати ватани худ норизӣ бошем.   Дар чунин шароит ҳар як аъзои ҷомеа бояд бошуурона дарк намоянд, ки дар раванди ташаккул ва рушди эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ, мақсади ниҳоии ҳар шакли муборизаи мафкуравӣ ин ниол шудан ба ҳадафҳо ва мақсадҳо аст. Бегонагон ба ҳар роҳу восита мехоҳанд моро аз ҳувияти миллии хеш раҳонда, қабули мафкураи дигарро дар мағзамон ҷо намуда, талқини маданияти дигар, фарҳанги бегона ва ғояҳои иртиҷоиро дарбеҳ намоянд. Ин масоил хеле ҷиддӣ ва муррами рӯз буда, на ҳар як шаҳрванди одӣ дар сатҳи шуури муқарраи ба моҳияти онҳо сарфаҳм меравад. Маҳдудияти ҷаҳонбинӣ, ки аслан аз носолимии оила сарчашма маегирад, боиси кундзеҳнӣ, камтаҷрибагӣ, костагии фаҳмиши сиёсӣ, надоштани мустақилият мегардад.  Бинобар ин, хуб мебуд, ки падару модарон таваҷҷуҳро ба тарбияи дурусти мақсадноки фарзандон равона созанд. Барои ин дар мамлакат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Яъне, кишвар орому миллат сарҷамъ, пояҳои  давлат мустаҳакаму кафолати зиндагии шоиста муҳайёст. Миллати тоҷик дигар ба доми фиреби бегонагон намеафтанд. Миллати тоҷик барои ба ин рӯзҳо расидан ҳамдилу ҳамтан шуданд ва дар ҳамбастаги тавонистанд ба ҷанги таҳмилии шаҳрванди хотима бахшанд.

 Мо тоҷикон, ки мусуслмон ҳастем ба хотири эмин нигоҳ доштани якпорчагии марзу буми Ватани хеш ва поку беолоиш нигоҳ доштани  дини муқаддаси Ислом дар пайрави аз мазҳаби Ҳанафӣ бояд ҳушёру зиракиро аз даст надиҳем. Замину обу ҳавои Тоҷикистонро бо дилу ҷон бояд қадр кунем. Танҳо дар ҳамин замини аҷдодӣ  мо худро чун дар канори беғурбатӣ модар эҳсос менамоем. Шукр аз Худо мекунем, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо имрӯз соҳиби Ватани озоду маҳбуби Тоҷикистони азиз ҳастем ва мо метавонем бо боварии комил гӯем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба як кишвари пешрафтаи олам табдил додем.

ВОҲИД  Дилафрӯз Сафарӣ – муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара