БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ БЕҲТАРИН РАССОМ ДАР МИЁНИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН

Данғара: Созандагони ватан  

08  майи соли 2024 дар асоси нақша – чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангию варзишии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳи ҷавонони “Авангард” – и РВКД дар шаҳру ноҳияиҳои вилояти Хатлон бахшида ба моҳвораи ҷавонон, инчунин сазовор таҷлил намудани 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Данғара  озмуни “Беҳтарин рассом” миёни ҷавонону наврасон доир гардид.

Дар озмуни мазкур Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳимзода М, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода П, Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Данғара, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҷабализода Ҳокимали  ва 100  - нафар хонандагону донишҷӯён иштирок доштанд. Баъди натиҷагирӣ маълум гардид, ки Шарипова Шаҳодат сазовори ҷойи якум, Каримзода Фарзона сазовори ҷойи дуюм ва Ҷурахонов Азиз сазоворӣ ҷойи сеюм гардида, дар фазои тантанавӣ  бо  Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки тамоми иштирокдон барои иштироки фаъолона ва хониши хубу аъло инчунин иштирок намудан дар озмуну олимпиядаҳои фаннӣ дар ҷумҳурӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Қадрдони гардиданд.