АДАБ ҲУСНИ ИНСОН АСТ

Данғара: Андеша  

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад,

Зеро, ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Шахси боадаб ҳамеша аз фазлу дониш, заковат ва фарҳанг бархурдор аст. Агар ҳар яки мо дар оила тарбияро дар байни фарзандон ҳадафи асосӣ қарор диҳем, ояндаи фарзандон ва ба ин васила, давлату миллатро дурахшону зебо месозем. Дар оилае, ки адаб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб бо худи ҳар як инсон вобаста аст. Дар бораи адаб  қиссаҳо бисёранд.

Як шахси боадаб ба сад нафари беадаб рирӯз меояд. Тассуфовар аст, ки на ҳама наврасон у ҷавонон қоидаҳои адабро риоя карда, аз рӯи он амал мекунанд. Вақтҳои охир теъдоди ин гурӯҳ ҷавонон ба маротиб афзуда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Аз ин хотир мо ҳамагон вазифадорем, ки наврасонро дар руҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Бо ҳамин мақсад Ҳукумати кишвар 2 – августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” – ро қабул намуд, ки он дар самти таълиму тарбия хеле саривақтӣ ва зарур ба шумор меравад. Бояд мо қонуни мазкур, ки аз 6 бобу 17 модда иборат аст, дар ҷамъоадҳои падару модарон ба онҳо тафсиру тавзеҳ намоем.

Аз ин андешаи орифона чунин хулоса бармеояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад.

Абулқосим Фирдавсӣ дар ин ҳикмат андешаи худро чунин баён кардааст;

Адаб беҳтар аз гақи Қорун бувад,

Фузунтар зи мулки Фариддун бувад.

ҚИРҒИЗБОЕВА Меҳриниссо-омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №20, аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” – и ноҳияи Данғара