БАР ЗИДДИ ГУРӮҲҲОИ БАДАНДЕШ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

Данғара: Вокуниш  

Омилҳои  пайдоиш ва хуруҷи ин нобасомониҳо исбот менамоянд, ки  терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун  вабои  аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист, ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиди умумӣ ба ҷомеаи башарӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Маълум аст, ки аъзои  ин гурӯҳҳо як ҳадаф доранд, ин ҳам бошад ноором кардани суботи кишвари мо ва ба вуҷуд овардани фазои тарсу ваҳм дар ҷомеа ва иснод овардан ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои нопокашон нахоҳанд расид. Бо мақсади амалӣ кардани кирдори зишти худ зери парчам ё либоси дигарон медароянд ё шиорҳои гуногунро истифода мебаранд, то махфӣ боқӣ бимонад. Гурӯҳҳои бадандеш мехоҳанд бо амалҳои ноҷавонмардонаи худ ҷомеаи ҷаҳониро тарс дода, нишон диҳанд, ки гӯё мо нисбати дигар халқу миллатҳо назари нек надошта бошем ва аз татбиқи барномаҳои созанда ва дигар дидгоҳи сиёсии Ҳукумати ватани худ норизӣ бошем.   Терророистон бадхоҳон нисбати миллату давлати мо бадандеш, ба хотири устувор кардани қудрати худ дар мамлакати мо аз ҳеҷ амалу кирдори зишт рӯй наметобанд ва дар бисёр маврид маслиҳатандеши ҳаманд.  Аз ҳамин сабаб гурӯҳҳои тахрибкору бегонапараст дар ягон гӯшаи ватани мо дигар макони амн ва пойгоҳи мувофиқ, инчунин дар ҷомеа тарафдор ёфта наметавонад. Гурӯҳҳои таҳрибкорро бояд аз решаю пайванд ва ҳомиёни бурунмарзиашон маҳрум бояд кард, он гоҳ пеши роҳи амалҳои манфури онҳоро гирифтан осонтар мегардад. Миллати мо  дар гузаштаи начандон дур шаҳди чунин бегонапарастию парокандагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро чашидааст. Аз ин сабаб ҳамеша ҷонибдори сулҳу амонӣ, ҷонибдори Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ мебошад.  талошҳои якҷоя ва дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои сулҳу субот ва амният асоси \эмин нигоҳ доштани сайёра аз экстремизм ва терроризм мебошад.

Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеа, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва мусалмони комил вазифадор аст, ки ба ободонии кишвар, тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти ватани азизамон шукр намуда, алайҳи террористу экстремистҳо, ки номи миллату давлати моро олуда кардан мехоҳанд, бетараф набошанд.

РАҲМОНЗОДА Аваз – мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара