АМАЛҲОИ НОПОКИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ

Данғара: Вокуниш  

Бо дар назардошти чунин  натиҷагириҳо,  ки  аз таҳлилҳо ва амалҳои худхоҳонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ бармеояд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кӯшиш намуданд ба ғаразҳои нопоки худ расанд, аммо иродаи матини халқи ватандӯсту ватанпарвар, дорои ҳуввият ва шуҷоати миллӣ таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки амалҳои бадхоҳонаи худро дар ин сарзамин пиёда намоянд. Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуқтаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд. Аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ аз ҷумла ҳизби фаъолияташ мамнуъ Наҳзати ислом ва Гурӯҳи – 24 новобаста аз он, ки  аз кишвар фирор намуда, дар ҷустуҷӯи полиси байналмилалӣ қарор доранд, бо пуштибонӣ ва сарпарастии манфиатҷӯёни хориҷӣ аз берун ба сари давлату миллат санги маломат тариқи шабакаҳои интернетӣ мепартоянд. Ва кӯшиш намуда истодаанд, ки ба тафаккури халқи Тоҷикистон ҳисси бадбинӣ ва нафрат ба чунин ватани ободу зеборо ҷой намуда, фарзандони фарзонаи миллатро сиёҳ нишон диҳанд. Аммо онҳо фаромӯш сохтаанд, ки халқи Тоҷикистон як маротиба имтиҳони чунин фитнаангезро аз сар гузаронидаанд, ки оқибат ба ҷанги таҳмили оварда расонида буд.

Оқибатҳои амалҳои террористию экстремистӣ;

  • таъсиррасони ба шуури шахс ва ҷамъият – фаъолияти минбаъдаи шахс ва ҷамъиятро ба зери норавшанӣ мебарад;
  • таъсир расонидан ба тарбия ва масоили иҷтимоӣ, ҷамъияти ахлоқи  инсонӣ ва фарҳанги миллӣ дур мегардад;
  • гирифтани пеши роҳи таълим ва таъсир расонидан ба сифати таҳсилот. Дар натиҷа ҷамъият хусусан наврасону ҷавонон аз таҳсилоти сифатнок дур гардида, донишҳои замонавиро аз худ карда наметавонанд, аз интирооту навгониҳо бе баҳра мемонанд, ки барои ояндаи миллат рӯйрост фаноёби таҳдид мекунад;
  • аз байн бурдани озодии сухан, ки поймол гардидани ҳуқуқи инсон ва хилофи қонунгузориҳо, санади байналмилалии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Эломияи умумии ҳуқуқи Башар;
  • гирифтани пеши роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат, хароб гардонидани инфрасохтор ва иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда;
  • зиёни зиёди моддиву маънавӣ ба давлату миллат ва ғайра;

аз дур истодану санги маломат партофтан ба давлату миллат ва роҳандозӣ намудани баҳсҳои иттилоотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо дигар манфиатеро намеорад, зеро халқи Тоҷикистон акнун чеҳраи аслии онҳоро медонад ва фирефта ба амалҳои онҳо намегардад, баръакс ҳар қадаре, ки онҳо тавассути сомонаи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳо санги маломат мезананд, эҳсоси ватандӯстии халқи Тоҷикистон ҳамон қадар боло меравад ва нафраташон ба онҳо зиёд мегардад.

Ҳамагон медонанд, ки мақсади чунин амалҳо ҳама як аст, ғасби ҳокимият ва ба ҳамин васила амалӣ гардонидани мақсадҳои нопоки худ ва хоҷагонашон.

Замон расидааст, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат даст боло бардошта иқрор шаванд, ки  ин халқу миллат ҳеҷ гоҳ сар хам намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки пойи нохалафе ба хоки ин сарзамини аҷдодӣ ва соҳибтамаддун гузошта шавад.

Мо бо Тоҷикистон зиндаем!

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара