МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ШАБАКАҲОИ БАРҚИ ШАҲРИ БОХТАР”

Бохтар: Ҳисобот  

Санаи 25 апрели соли равон  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар” дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамъбастӣ оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар 3 моҳи соли 2024 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар” Шарифзода Илҳом иштирок намуданд.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ чунин масъалаҳои мавриби барраси қарор гирифт. Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолият дар давоми 3 моҳи соли ҷорӣ ва нақшаҳо барои оянда шунида шуда, сипас, нақшаи корӣ барои шаш моҳи соли 2024 тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон бароии тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ қабул карда шуд.

Дар охир мудири бахши занони Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила ҷиҳати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми Паёмашон ба Маҷлиси олӣ ироа намуданд, суханронӣ намуда, ҷиҳати фаъолнокии ташкилоти ибтидоӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ, сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмир намудани коргоҳ ба ҳозирин дастуру супоришҳо расонида шуд.

Дар ҷамъбасти маҷлис ба якчанд нафар кормандони ташкилоти ибтидоӣ, ки ба узвияти ҲХДТ пайваст шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.