ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Созандагони ватан  

Имрӯз дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Бохтар аксияи ҳизбӣ бо мақсади бурдани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди кучаҳои шаҳр бо сокинон оиди иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024с.) ва дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони кишвар (9.03.2024с.), саҳмгузорӣ дар корҳои ободнию созандагӣ, ҳифзу тозагии муҳити зист, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва сафарбар намудани онҳо ба сафи Артиши миллӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, пӯшидани либоси миллӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстиии шаҳрвандон” баргузор намуданд.

Волонтёрони ҳизбӣ бо роҳбарии мудирони шуъбҳои кор бо ҷавонон, таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Давлатов Наҳтулло ва Шарипов Бахтовар ба гуруҳҳо тақсим гардида, зиёда аз 500 адад варақа миёни сокинони шаҳр тақсим карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандони худ ҷиддӣ бошанд, зеро солимии оила, ин пешравии Давлат аст Бояд ҳар як фарди ватандӯсти миллат барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорад.