РАВАНДИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР КӮЧАҲОИ ШАҲР

Бохтар:  

Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар кучаҳои шаҳр оиди шиору овезаҳо, навиштаҷоту рекламаҳоро, ки бо лафзи хориҷӣ ва нофаҳмо намбигардида буданд, бо соҳибкорон корҳои фаҳмондаҳӣ  бо маром идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки забони тоҷикӣ – яке аз забонҳои қадимтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Инсон таввасути забон метавонад эҳсос, фикру ақидаҳои худро иброз намояд.
Имрӯз тамоми ҷаҳон моро бо ри номи “Тоҷик” давлатамонро бо номи Тоҷикистон ва забонамонро бо лафзи “Забони тоҷикӣ” мешиносанду эътироф мекунанд.
Бинобар ин, ба соҳибкорон фаҳмонида шуд, ки минбаъд шиору овезаҳоро дар ҳудуди шаҳр бо забони ноби тоҷикӣ насб намоянд.