БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "РОҲНАМО"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии ҳар як гӯшаи Ватани азизамон аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамо"  санаи 13-уми апрели соли ҷорӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр ва ҷойҳои муайянгардида шанбегӣ доир намуда, як қатор корҳои тозагию ободониро ба анҷом расониданд.