ТОЗАГИИ МАҲАЛ АЗ ҲАР ЯКИ МО ВОБАСТА МЕБОШАД

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” (Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар) ташаббусҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, бахшида ба 35-солагии Истиқлоляти давлатӣ ҳашари дастаҷамъона баргузор намуданд.

Дар рафти кор иштирокчиёни ҳашар роҳраву ҷӯйборҳо, кӯчаю, гулгаштҳо, партовгоҳҳоро тоза намуданд. Инчунин дар назди муассисаҳо гулҳои мавсими шинонида шуд, ки ба ҳусни шаҳр тозагиву таровати нав зам намуд.