БАРГУЗОРИИ ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТДОИИ ҲИЗБИИ "ФУРӮҒ"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии ҳар як гӯшаи Ватани азизамон аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фурӯғ" ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари дастаҷамъона доир намуда, як қатор корҳои тозагию ободониро ба анҷом расониданд.