"ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Бохтар: Созандагони ватан  

    Имрӯз бо ташаббусси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон Тоҷикистон бо ҷалби 40 нафар волонтёрони ҳизбӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бунёдкор» аксияи ҳизбӣ зери унвони "ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор" ташкил ва гузаронида шуд.

Волонтёрони ҳизбӣ зери роҳбарии мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатов Наҳтулло дар кӯчаи Борбад як қатор корҳои тозагию ободониро ба анҷом расонида, гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро аз алафҳои бегона тоза намуданд.