НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТ ВА ИНТИХОБИ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «МУҲИТИ ЗИСТИ ВИЛОЯТ»

Бохтар:  

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оиди баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии ташкилотҳои ибтидоӣ дар семоҳаи аввали соли 2024 дар ТИ «Муҳити зисти вилоят» маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид.

Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Давлатова Роҳила иштирок намуданд.

Дар маҷлис 2-масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд:

Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар семоҳаи аввали соли 2024.

Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муҳити зисти вилоят».

Аз рӯи масъалаи якум котиби масъул ҳисобот дод. Баъди мулоҳизарониҳо нисбати масъалаи якум қарори дахлдор қабул карда шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Давлатова Роҳила мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба сухан баромада иброз намуд, ки бинобар сабаби ба кори дигар гузаштани собиқ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба мо лозим аст, ки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар ташкилот интихоб намоем.

Баъди мулоҳизарониҳо аз тарафи иштирокчиёни маҷлис таклиф шуд, ки Собиров Қурбоналӣ Мирзоалиевич - Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муҳити зисти вилоят» интихоб карда шавад. Аз рӯи масъалаи мазкур низ қарори дахлдор қабул карда шуд.