АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи аксияи ҳизбӣ, бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, ба хотири боз ҳам ободу зебо гардидонидани шаҳри азизамон Бохтар кормандони ташкилоту корхонаҳо, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо фаро расидани фасли баҳори нозанин дар шинонидани гулҳои зебои баҳорӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи коргоҳ, гулгашту роҳравҳо ва кӯчаву хиёбонҳо саҳми муассири худро гузошта истодаанд.
Имрӯз аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғбунёд” (КДФ ниҳолпарварии шаҳри Бохтар) дар гулгашти қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 10 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шуд, ки ҳусни гулгаштро боз ҳам зебо менамояд.