КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТӢ

Бохтар: Созандагони ватан  
Имрӯз бо мақсади бозҳам муаррифӣ намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии №14 корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.
Гурӯҳи ташаббускор аз ҳисоби аъзоёни фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" волонтёрони ҲХДТ дар ҳудуди ҳавза, ки манзилҳои истиқоматӣ воқеъ мебошанд, барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷидро насб намуданд.