БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТАҚСИМИ БУКЛЕТҲО

Бохтар: Созандагони ватан  

Санаи 16-уми марти соли ҷорӣ бо ҷалби 20 нафар волонтёрон, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” таҳти роҳбарии мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аксияи тақсими буклетҳо гузарониданд. Тақсимоти буклет ҷиҳати баргузории интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи интихоботии рақами 14 бо усули хона ба хона баргузор гардид.