АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОИ КИТОБ АСТ

Ҷ.Балхӣ: Созандагони ватан  

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни чаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи суханҳо аст. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тассавур намуд. Ба таъбири халк: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб аст». Хушбахтона. ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, маҳзани умеду орзуҳо, раҳнамо ба олами донишҳост. Китоб хубтарин ва нодиртарин мӯъҷизаест, ки Худованд ба одамон ҳадя овардааст. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст».

Ҳамасола, Пешвои Миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон сухан ронда, таъкид менамоянд,ки ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замона бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст.

Бо ин мақсад тибқи нақша-чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷиҳати бедор кардани ҳисси китобхонӣ , китобдӯстӣ ва баланд бардоштани савияи дониши насли наврас ҳар ҳафта рӯзи китобхонӣ дар китобхонаи марказии ноҳия гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад имрӯз 15-уми апрели соли 2024, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳия озмуни китобхонӣ гузаронида шуд.