ВАТАН ОРОМИАТ, ОРОМИИ МОСТ!

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Тоҷикистон –Ватани азизи ман! Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу ҷон аст. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст. Бо ифтихор бояд гуфт, ки имрӯз Тоҷикистони азиз зери сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти маҳбуби мо, Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибистиқлол аст. Имрӯз кишвари зебоманзари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибтамаддун, соҳибихтиёр, сулҳовару сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст. Ташаббусҳои Пешвои маҳубиби миллат дар арсаи ҷаҳон ба хуби пазируфта шуда, намунаи ибрат мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки оромиву шукуфоии Ватан аз масъулияти ҳар як сокини кишвар вобастагии зиёд дорад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ саъю кӯшиш ва садоқат ба Ватан мебошад. Сарвари давлат дар ҳар як вохуриҳояшон бо фаъолон, ҳар як сокини кишваро ба созандагию ободонии кишвари азизамон, сарҷамъию муттаҳидӣ, дуст доштани ватан, ифтихор намудан аз миллат ва давлати худ, ҳимояи марзу буми кишвари азизамон даъват ба амал меоваранд. Албатта вазифаи ҷонии ҳар як сокини кишвар аст, ки баҳри пойдории сулҳу субот, муттаҳидӣ ҳимояи манфиятҳои миллӣ, дуст доштани ватан, забон ва сарзаминӣ худ саҳми муносиб дошта бошанд.

Пушида нест, ки имрӯз ҳар як давлат ва миллат баҳри манфиятҳои худ муборизаҳо мебаранд. Дар ҷаҳони зудтағирёбанда имрӯза ҳар як сокини кишварро зарур аст, ҳушёру зирак, донишманду, ватандӯст бошад.

Тавре, Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чке аз вохуриҳояшон таъкид намуданд: “Ҷавонон умеди орзу, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошанд ва вазифадоранд, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоянд”. Аз ин лиҳоз ҷавонони мо бояд аз ҳар вақта дида имрӯз зираку ҳушёр бошанд, вақти худро бештар ба донишомӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, технологияи муосир сарф намоянд. Албатта дар тарбия ва таълими дурусти насли наврас нақши калидиро падару модарон мебозанд. Насли наврас бояд дар муҳити оилаи солим, меҳру муҳаббат тарбия ёбанд. Дар таълим ва тарбияи насли наврас ва ҷавонон инчунин нақши калидиро маориф ва ҳар як узви ҷомеа мебозад. Насли наврасро бояд тарзе тарбия намуд, ки аз хурдсоли маҳуми ватандорӣ, дӯстдоштани ватан, ифтихор аз он, ҳимояи ватанро ба хуби дар намоянд. Ва ҳар як ҷавони худшинос ба хуби дарк намоянд, ки мо як ватан дорем бо ном Тоҷикистони азиз. Ҷавонони ватандӯстӣ мо бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбаландӣ ва ифтихори болои миллӣ хизмат намоянд. Ватан ба мисли модар азиз аст, Ватани худ, модари худро ҳар яки мо ҷавонони худшинос ҳимоя накунем, ки мекунад?! Бинобар ин ҳар як узви ҷомеа бахусус ҷавонони кишвари азизамонро даъват ба амал меоварам, ки ватандӯст бошем. Дар корҳои созандагӣ, ободонии диёри азизамон, ҳимояи сарзамини аҷдодиамон бо ифтихор ва сарҷамъи саҳмгузор бошем. Ва ба наслҳои оянда як давлати орому осуда ва рушдкарда ба мерос гузорем.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Мусоев Хуршед