АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОИ КИТОБ АСТ

Ҷ.Балхӣ: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша чорабинии шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия санаи 1 майи соли 2024 бо ҷалби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади фаро гирифтани наврасон ва ҷавонон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, баҳри сайқали дониши худ, баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, инчунин иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои мутолеаи китобҳои гуногунӣ, бадеӣ ба китобхони машғул мешаванд.

Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маликова Тахмина қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад.

Боиси қайд аст, ки китоб мушкилкушои ҳама мушкилоти ҳастӣ буда, касро ба қуллаи мурод мерасонад. Китоб ғизои маънавӣ ва оромибахши рўҳу равони инсон аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки:«Ганҷ магир, китоб гир».