БАРДОШТ  АЗ  МУЛОҚОТИ  ПРЕЗИДЕНТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,  ПЕШВОИ  МИЛЛАТ  МУҲТАРАМ  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО  ФАЪОЛОНУ  НАМОЯНДАГОНИ  ҶОМЕА  ВА ХОДИМОНИ ДИН.

Балҷувон: Андеша  

Оре, рисолати азалии ҳар як фарди худшиносу худогоҳ дар он  аст, ки баҳри оромиву осудагӣ ва пешравию амнияти сар то сарии кишвари хеш масъул бошад ва ин  сулҳу субот ва ормиву ҷовидонагиро мо дар иттиҳоду дӯсти иттифоқу бародарии ҳамдигар  дар меёбем.

Мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардид, аз ҷумлаи он тадбирҳои андешидае мебошад, ки дар баланд бардоштани мафкураи инсонгароию худшиносӣ нақши басо созгор дорад.                                       

Ҳамагон худ шоҳиди он аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳон чи қадар таҳавулотҳои ногузири бесару сомонро пушти сар кардаву  аз хатарҳои фоҷиабори хеш дарак дода истодааст ва ин хатарҳо аз зумраи он хатарҳои доғи ҷомеа аз қабили терроризм экстремизм, гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ, ҷалби ҷавонони камсаводу гумроҳ ба ташкилотҳои мамнуъ ва ҳизбу ҳаракатҳои бегона мебошад.

Читавре ки дар урфият мегӯянд, кишт маҳсули яксола, бунёди боғ барои даҳсолаҳо ва тарбия бошад барои наслҳост.

Оре, Сарвари давлат бори дигар дар ин мулоқоти сатҳи олӣ, миёни фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ин масъалаҳои нанги ҷомеаро ба риштаи таҳлили соддаву оддӣ матраҳ намуд.

Дар ҳақиқат имрӯз мо аз хӯрд то бузурги миллати тоҷик баҳри босавод сохтани насли ояндаи хеш масъулем, зеро ки насли босаводу донишманд ва ҳушёру зирак метавонад дар рушди минбаъдаи давлату давлатдорӣ, арҷгузори ба муқаддасоти миллӣ, эҳёи ҳунарҳои қадимаи хеш ва расму оин ҳиссагузор бошад.

Мафкураи баланди инсондӯстӣ ва одамгарӣ дар натиҷаи тарбияи дурусти додаи мо дар фарзанд ба миён меояд, ки ин вазифаи ҷонии ҳар падару модар аст, ки метавонад оянда фарзанди ӯ бо ақидаву мафкураи баланди созгори хеш мафкураи муҳити ҷомеаро солим гардонад.

Бисёре аз афроди нохудогоҳ, ки дур аз миллату давлатӣ мо қарор доранд ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баҳри мағзшӯии ҷавонон роҳҳои гуногунро истифода намуда, бо ваъдаи ҳаргуна молу сарват мафкураи солими онҳоро дигар месозанд, ки ин оқибати нохушоянд барои мо ва тамоми миллат аст.

  

Пандҳои бузургони миллати куҳанбунёди тоҷик, ки саро по маъниву дуру гуҳарро талқин месозанд, баёнгари иффату рафтори одамӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад, ки дар асарҳои безаволи хеш нақши калиди доранд ва ин маънисолори метавонад рӯҳияи ҳар фарди меҳандӯстро даҳчанд тарбият созад. Мероси адабии Мавлоно иборат аз ҷабҳаҳои фаррохи инсонгароию инсодӯстӣ ва тарбияти комили дурусти одамӣ, ки  дар он мавқеи маркази дорад яке аз паҳлуҳои асосии мулоқот ба ҳисоб мерафт.

Президенти маҳбуби миллат бо як нерӯи тавоно ва диди наву тоза рӯ ба осори безаволи “Маснавӣ” оварда, таъкид сохтанд, ки маҳз дӯстдории осори Мавлоно дар он аст, ки вай гӯё он ҳама панду андарзҳои баланди инсониро барои ҳамин шабу рӯз гуфта бошад. Мавлоно натанҳо чун таҷассуми Зоти иллоҳӣ, балки ҳамчун эҳсоси баланди инсонӣ, ки ахлоқ ва тинати ботинии инсонро пок мекунад, тараннум кардааст. Зеро ки ишқи муҳаббати меҳану диёр ҳамчун василаи баланди имонию фарзӣ ба инсон нерӯи ҷисмониву рӯҳони мебахшад, аз кашмакаши замон ва фикрҳои ботил озод мекунад.Мо бо ин роҳ метавонем осоиш зиндагӣ намоем, меҳнат кунем, дӯстд дорем ва тарбият созем.

Мавзӯи дигаре, ки пиромуни асосии мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин буд ин риоя намудани сарфаву сариштакорӣ ва дар ин роҳ тарбият сохтани ҷавонони оянда, баланд бардоштани сатҳи маънавии шаҳрвандон,  шикастани қолабҳои куҳна ва дода нашудан ба ҳар гуна хурофотҳои ғайри ахлоқӣ.

Бунёд кардани мактабу дабистонҳо, сохтани роҳҳову пулҳо, дасти кумак намудан ба қишри ниёзманди ҷомеа, сари ятимеро сила намудан ва баҳри ободии Ватан саҳм гузоштан амали хайру савобест, ки арҷу манзалати калон дорад. Мо бояд дар риояи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва мусалмонии хеш аз ҳикматҳои суфтаву равон ва ҷонбахши Ҳанафӣ истифода намоем ва Сарвари давлат аз дӯстдорию пайравонии зиёди Абу Ҳанифа Нуъмон ибни Собит дар ҷаҳон ёдовари намуданд ва иброз карданд, ки ақидаҳои инсонгароии ин нобиғаи дини мубини Ислом маҳз аз доираи тафаккури ҷомеаи инсони гирифта шудааст ва ба дарди мардум ошно аст.  Эҳтиром ба насли калонсолон, инсофу адлу ҳақиқат, хайру сахо, меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар амалҳои нек маҳаки асосии равияи мазҳабии асосии мову шумост.

Ҳар як фарди худшинос аз он бояд хулоса  бардорад, ки солҳои мутҳиши ҷанги шаҳрванди мо чӣ вазъияти зиндагӣ доштем ва имрӯз дар кадом ҳолат қарор дорем.

Яке аз бузургони илму адаб ва симои намоёни адабиёти форсу тоҷик мефармояд:

Даҳ писар аз як падар осуда гашт,

Як падар аз даҳ писар афтод ба дашт.

Пешвои муаззами миллат танҳо як нафар ҳастанд ва мо имрӯз ба 10-миллион нафар расидаем. Тоҷикистони маҳбуби моро бо панҷ ташаббуси беназир дар арсаи олам шинос кард ва мо аз ин ифтихор дорему меболем пас чаро мо бояд дар таблиғу ташвиқи дастовардҳои миллӣ, тарбияи насли ояндаи миллату давлати хеш фориғболи намоем, баръакс бо иттиҳоду дустӣ ва рафоқату ҳамдилӣ тавонем дар роҳи гулгулшукуфоии кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошем. Мактаби бузурги инсондӯстию меҳанпарастии Сарвари давлати хешро пайрави намоем ва ба мафкураи ҷомеа ошно созем то ки рӯ ба оину фарҳанги бегона наоранд ва баҳри арҷгузори ба фарҳангу тамаддун, забону осори бузургони хеш азму талош ва саҳмгузор бошанд.

Зоирзода М.О-раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон.