ИЛОҶИ ВОҚЕЪА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ...

Балҷувон: Созандагони ватан  

Гузашта аз ин, дар муассисаҳои таълимӣ, дар байни аҳолӣ зимни мулоқоту вохўрӣ ба ҷавонону наврасон аз вазъи ҷаҳони имрўза ва таҳдиду хатарҳои даҳшатбори терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ба ҳаёти осоиштаи сокинони сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари маҳбуби мо, авзои ноороми ҷаҳони муосир, марому ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротгаро изҳори андеша карда шуда, ҳамин нукта гўшзад карда шавад, ки агар яке аз омилҳои шомил шудани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ноогоҳӣ ва сустиродагии онҳо бошад, аз тарафи дигар, ба шуғлу кори муайян банд набудани бархе аз ҷавонону наврасон ва суст будани пояи тарбия хонаводагӣ ва аз назорати падару модар ва аҳли ҷомеа дур будани онҳост. Дигар ин ки, мунтазам ба ҷавонону наврасон бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дастурҳо дода бояд шаванд, ки аз истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ дурӣ ҷуста, ба сомонаҳои иҷтимоӣ дода нашаванд ва ба таълимоти дини ислом аз рўйи ақлу фаросат муносибат карда, фирефтаи рўҳониёни таҳсилнодида нашаванд, ки бисёре аз онҳо аз асолати миллӣ ва асли таълимоти дини ислом дуранд, зеро ноогоҳии онҳо метавонад замина бошад ба пайравиву шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эктстремисӣ.