АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АЗ ТАРАФИ  ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ВАРЗИШГАРОН”

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сарсабзу хуррамгардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ  аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон пайваста тадбирҳои нек андешида баҳри ободии диёр саҳми ҳамаҷониба гузошта, чун пайравони мактаби ободкоронаи Пешвои муаззами миллат аз хеш номи нек боқӣ мегузоранд.

Ин аст, ки баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона дар тамоми муассисаву ташкилотҳо ва гирду атрофи биноҳои корӣ гузаронида шуда, ҳар як корманд аз худ масъулияти баланд нишон дода саҳми хешро дар ободии диёр гузошта истодааст.

30-соли созандагиву бунёдкорӣ ва сарсабзиву хуррамӣ, зери ливои созандаву бунёдкори ҲХДТ ҳар як аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизбро масъулиятшинос гардонидааст. Ҳамин аст, ки аъзоёни фаъоли “ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзишгарон” дар аксияҳои ҳизбӣ  иштирок намуда, саҳми хешро баҳри ободии диёр мегузоранд.