“СОАТИ СИЁСӢ” ОМИЛИ ХУДШИНОСИИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН.

Балҷувон: Андеша  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ  карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

Ҳамчун як омӯзгори ҷавон мехоҳам ибрози андеша  намоям, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ, созандаву ободкор дар баробари маорифу мактаб дар пояҳои ахлоқиву маънавии хонандагон таъсири ҳамаҷониба расонида, баҳри баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлату миллат заминаи некеро ба мо фароҳам овард, ки аз ин иқдоми наҷиб ва саривақти мо изҳори сипос менамоем.

Мавзуҳои пешниҳод гардидаи амалиёти муштараки “Соати сиёсӣ” дар раванди таълиму тарбия низ ба мо кумаки ҳамаҷониба намуда, дар соатҳои тарбиявӣ низ ҳамчун маводи методӣ ба мо бисёр имкониятҳоро фароҳам меоварад.

Зеро ки тамоми  номгӯи мавзӯҳое, ки аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон барои гузаронидани “Соатҳои сиёсӣ” ба мо пешниҳод мегардад бисёр мавзӯҳои мубрами рӯз ва фарогири  масоили имрӯзи ҷомеа мебошад, ки ҳангоми омода намудани маводҳо ва таҳлилу баррасии мавзӯҳои пешниҳод гардида, пеш аз ҳама масъулиятнокии омӯзгор, шахсони масъулро  баланд мебардорад.

Пас гуфтан ба маврид аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёдгузори мактаби муқаддаси арзишҳои миллӣ ва устувории пояҳои ахлоқӣ, маънавӣ барои тамоми хонандагон ва омӯзгорн ба ҳисоб меравад.

Ин иқдом аз он гувоҳи медиҳад, ки мардуми тоҷик аз қадим ҳамчун мардуми босаводу бохирад шинохта шуда, то имрӯз анъанаҳои неки гузаштагони худро идома дода, баҳри пойдевории пояҳои ахлоқии насли наврас ва босавод гардонидани онҳо тадбирҳои нек меандешанд.

Нуров Х. С - омӯзгори гимназияи давлатии ба номи Одинаев Санг-и ноҳияи Балҷувон