ПАЁМ БУНЁДГУЗОРИ ҲАДАФҲОИ ОЛӢ.

Балҷувон: Андеша  

Масъалаи дигаре, ки зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат дар Паём қарор дода шуд, ки ба масъалаи таълими фарзандон, бахусус духтарон мебошад. Ба падару модарон муроҷиат намуда, онҳоро барои фароҳам овардани шароити таҳсил фарзандонашон водор намуданд. Махсусан то ба охир таҳсил накардани духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аксарияти он бо дахолати падару модарон рух медиҳад, масъалаи ҳалталаби замон ҳисобида шуда, дар ин самт Сарвари давлат изҳори нигаронӣ намуданд. Ин масъала бояд ҳар фарди ҷомеаро бетараф нагузорад ва мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ бояд дар ин самт чораҷӯӣ намуда, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,
Даркӯшоӣ кунӣ на дар бандӣ

Таҳсил намудани духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсили минбаъдаи онҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ, ки ба соҳибкасб гаштани онҳо мусоидат менамояд, монеа нагардем. Чунки агар духтарон босаводу бомаърифат бошанд ва соҳибкасб гарданд монеаҳои зиндагиро ба осонӣ паси сар менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки модаре, ки саводи кофӣ ва дониши мукаммал надорад дар таълиму тарбияи фарзандон низ дучори мушкилиҳо мегардад ва тарбияи фарзандонро ба таври дуруст ба роҳ монда наметавонад. Дар партави ин гуфтаҳо аз суханони Пешвои миллат, ки дар яке аз суханрониҳояшон садо дода буданд, ёдовар мегардем: «Аҳли илму фарҳанг дар ҳама ҷо ва ҳама вақт бақадр буд ва мемонад. Аз ин лиҳоз баҳри он кӯшед, ки фарзандонамонро дар омӯхтани илму дониш тарбият кунем. Ҳаёт бо омӯхтан ташкил меёбаду инкишоф меёбад».

Сайдализода Шаҳбоз-аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сари мазор"-и ноҳияи Балҷувон