ТОҶИКИСТОН ХОНАИ УМЕДИ ДИЛҲО

Балҷувон: Андеша  

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи тоҷикон аст. Кишвари мо чун давлати ҷавон дар миёни дигар мамолики сайёра имрӯзҳо бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатию ҳунармандии хеш шуҳратёр гардидааст. Тоҷикон аз азал чун қавму миллати соҳибтамаддуну фарҳангсолор ва ҳунарманду адабиётдӯст миёни халқиятҳои дигар нуфузу мавқеи хосаро соҳиб буд. Ин нуфуз ба мо маҳз тавассути соҳибқаламону фарҳангиён ва истеъдодҳову аҳли ҳунарамон ба даст омадааст ва рисолати аслии мо ҳимояи он ва мерос гузоштанаш ба ояндагон аст. Гувоҳи ин гуфтаҳо вуруди шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба хоки Тоҷикистони соҳибтамаддун аст. Ҳамин зебоии мафтункунанда боис гардида, ки ҳар сол теъдоди барзиёди сайёҳон аз он дидан месозанду хотироти некеро бо сокинони ин сарзамин бо худ ба дуриҳои дур мебаранд. Чашмаҳои шифобахшу гиёҳҳои муолиҷавӣ, ки ҳамагӣ табиианду дархӯри дарди мардум маҳз дар Тоҷикистон ёфт мешавад. Меҳмондории боварнокарданӣ, эҳтироми хосу ом, сухандонии олимонаву шоиронаву адибона, забони ширину фасеҳ, зебоии бемислу монанд, ки ҳамагӣ зебу ороиши тоҷиконанд. Ҳунарманданду адабиётдӯст, сухандонанду соҳибистеъдод. Табиати афсункор тоҷиконро чунон офарида, ки бо вижагиҳои хеш тафовут доранд аз дигар халқиятҳо.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда,   эълон гардидани Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгўи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла бо  ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад. Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандони халқӣ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад. Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромуш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд.

Мирзоева Рухшона-аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Балҷувон 1”-и ноҳияи Балҷувон.