ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОН ВА ИНТЕРНЕТ ДАР ҶАҲОНИ ИМРӮЗА

Ёвон: Андеша  

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҷумҳурии мо нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, рушду инкишофӣ зеҳнӣ ва ояндаи дурахшони онҳо аз тарафи Ҳукумати кишвар, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар диққати махсус дода мешавад. Дар ин замина, як қатор қонун ва санадҳои муҳим, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (3-юми майи соли 2002, №200), Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (3-юми марти соли 2006, №94), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2-юми августи соли 2011, №762) ва як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими меъёрию ҳуқуқиро қабул ва тасдиқ намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ чунин қайд намудааст: «Давлат барои ворид намудани технологияи компютерӣ ба муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад, зеро асри ХХI асри технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад». Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо истифодаи техника ва технология дар кишвари мо хело тараққӣ кардааст. Ин албатта, талаботи замони муосир буда, тамоми мардуми ҷаҳон аз он истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, давлату ҳукумати мо низ тамоми шароитро баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот сол то сол муҳайё намуда, базаи моддию техникии муассисаҳоро аз ҳисоби буҷаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ғанӣ гардонида истодаанд. Имрӯз қариб тамоми муассисаҳои таълимӣ бо шабакаи Интернет пайваст мебошад ва мо наметавонем аз дастовардҳо ва хатарҳояш дар канор бошем. Интернет як навъ падидае дар ҷаҳони иттилоот аст, ки дар шакли матнҳо, расмҳо, видеороликҳо, садоҳо ва ғайра инъикос меёбад. Агар ба манбаи пайдоиши Интернет назар афканем, мебинем, ки таърихи дурру дарозе надорад, аммо дар ин муддати кӯтоҳ бо барномаҳои ҷолиби худ тавонистааст, ки истифодабарандагони зиёдеро пайдо намояд ва зеҳну мафкураи миллионҳо нафар насли инсонро ба худ ҷалб гардонад. Шабакаҳои иҷтимоии Mail.ru, Facebook, Odnoklassniki, imo, Skype, Instagram, Twitter, WhatsApp, TikTok, Telegram, YouTube, Likee, Viber, Snapchat аз зумраи он барномаҳое мебошад, ки инсонро навобаста ба синну сол ба худ ҷалб мекунад ва хоҳ, нохоҳ иродаву ихтиёри касро мутеъ мегардонад. Пайдоиши Интернет ва телефонҳои мобилӣ дар рушди тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ саҳми арзанда дошта бошад, истифодаи бемавриди он тарафҳои манфӣ низ дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар оила ва муассисаҳо нисбат ба тарафҳои манфӣ ва мусбии Интернет ва телефонҳои мобилӣ диққати махсус додан равона созем. Ба фикри ман, барои бошуурона истифодабарии Интернет ҳар як оила ва муассисаро зарур меояд, ки вазифаҳои зеринро иҷро кунанд: 1.Бо далелҳо фаҳмонда додани тарафҳои манфӣ ва мусбии Интернет ба насли наврас; 2.Ташкил намудани курсҳои махсус оид ба истифодабарии самараноки Интернет; 3.Таъмин намудани муассисаҳо бо кадрҳои ихтисосманд; 4.Бурдани назорати якҷоягии оила ва муассиса оиди ин масъала; 5.Қабул намудани дастурамал оид ба истифодабарии дурусти Интернет.

 Акрамов Акмалҷон Ҳасенович- Сардори шуъбаи таълимии ташкилоти ибтидоии "Ғаюр 1"