“ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ҶИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ”

Ёвон: Андеша  

Нависандаи машҳури доғистонӣ Расул Ғамзатов мефармоянд: “Ҷое, ки Сулҳ аст, ҳамеша баҳор аст”. Пас ҳақ ба ҷониби нависанда аст, зеро дар Тоҷикистони Ваҳдатободи мо тамоми фасли сол баҳор асту дар фазои кишвари азизамон Сулҳу субот ҳукмрон.

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар айён мегарданд. Рӯзи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашизм ҳам, дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда мақом дорад. Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бар зиди армияи тавоно ва сар то по мусаллаҳи фашистони гитлерӣ тавассути иродаю матонат ва фидокорию садоқатмандӣ, ҷонбозию қаҳрамониҳо ва дӯстиву рафоқати зиёда аз сад миллату халқиятҳои собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада буд.

Қайд  кардан  бамаврид  аст, ки  имсол  мо  ҷашни  Ғалаба  бар  фашизмро   дар  вазъияте  ҷашн  гирифта  истодаем,  ки  миллати  сарбаланди   тоҷик  31-солагии  Ваҳдати  миллии  худро  таҷлил  менамоянд. Бигзор  ваҳдати  тоҷикон  абадан  пойдору   побарҷо  бимонад.

Дар ин рӯзҳои идона 79-умин солгарди ин Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, ки дар набардҳои шадиди ин ҷанг мардонавор ширкат карда, барои таъмин намудани пирузӣ бар фашизм саҳми арзанда гузоштаанд, инчунин, ба тамоми мардуми сулҳхоҳи кишвари маҳбубамон самимона табрик мегӯем ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид кардаанд, ки “Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ғалаба бар фашизм ҷаҳониёнро бори дигар водор месозад, ки доир ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамгироиву ҳамкорӣ ва тақвияти равобити халқу давлатҳо ҳамчун шарти асосии ҳифзи сулҳу субот, бунёди рӯзгори орому осудаи мардуми сайёра ва омили муҳимтарини муборизаи муштарак бар зидди нерӯҳои бадхоҳ саъю талош намоянд”

Мо тоҷикон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон  ҳамасола  дар  ин  рӯзу  соатҳо   руҳи  шаҳидони  роҳи  Ватанро, ки  бештар аз  300 ҳазор нафар мардони шуҷоу далер, аз рӯзҳои аввали ҷанги хонамонсӯз ҳамчун фарзандони шермарди халқи тоҷик ба ҷабҳаи ҷанг рафта, сари синаи хеш сипар намуда, бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷангӣ зидди фашизми хунхор иштирок намуда, ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир карданд, зинда  медорем, аз  талошу  заҳматҳои  дар  роҳи озодии  Ватан  тайкардаи  онҳо  бо ҳисси тафоҳур   ёд  меоварем.  Мо  имрӯз  ба  хотири  арҷгузорӣ  ба  азму  ирода  ва  ҷасорату  мардонагии  фарзандони  ҷонфидои  халқамон,  ки ба  хотири  ҳифзи  Ватан  ба  ҷабҳаи  набардҳои  шадид  рафта  буданд  ва ба  кору  пайкори  онҳое,  ки  бо  заҳмати  сангини  хеш  дар  ақибгоҳ  дар  таъмини  Ғалаба  саҳм  гузоштанд,  сари  таъзим  фуруд  меорем.

 

Агар пурсанд аз ман: “Чист аз ҷону бадан беҳтар?”,
      Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар!

 

Ногуфта намонад, ки ҳамаи мову шуморо мебояд аз мактаби наслҳои калонсолон, сабақи ватандорию бунёдкориҳо омӯзем. Дӯстию рафоқат, ҳамкорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҳар фарди миллат бошад. Маҳз вазифаи таърихӣ ва қарзу имониву муқаддаси мо ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии ҷомеа ва амнияти миллату давлат аст.

Майдони набарди зидди фашистон ва хатти ҷабҳаи ҷанг аз Тоҷикистони мо ҳазорҳо километр дур буданд. Вале садҳо ҳазор фарзандони бо ору номуси тоҷик, аз ҷумла ноҳияи Ёвон бо амри дилу виҷдон ба ҳимояи Ватан рафтанд, ба даст яроқ гирифта паҳлу ба паҳлуи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ зидди фашистон ҷангиданд ва ғалабаи оламшумули моро бар душмани ғаддор таъмин намуданд ва боиси ифтихор аст, ки ин ҷавонмардони  Ёвонӣ низ дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд.

Солҳо сипарӣ мешаванд, аммо ин Ғалаба, он корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳромониҳои қаҳрамонони шуҷои Ватан абадан дар хотираҳо хоҳад монд, “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромӯш нашудааст”.

 

Темурзода Фарзона – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон