МАФҲУМИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Ёвон: Вокуниш  

Дар адабиёти муосири илмиву соҳавӣ дар масъалаи тафсиру таҳлили мафҳуми “терроризм” ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад ва ҳар муҳаққиқ ин падидаро вобаста аз нуқтаи назар ва дидгоҳи худ таҳлил ва тафсир намудааст. Маънои луғавии вожаи лотинии “террор” тарс, даҳшат мебошад. Аз ин ҷо маълум мешвад, ки маънои “терроризм” даҳшатафканӣ ва ба вуҷуд овардани тарсу воҳима дар ҷомеа мебошад. Дар ҳақиқат пеш аз ҳама амалҳои террористӣ хусусияти зуроварӣ, маҷбурсозӣ, таҳдидкунандагӣ ва даҳшатафканиро доранд. Ҳар як террорист тарсонидан, фароҳам овардани муҳити тарсу ҳарос ва даҳшатафканиро ҳамчун усули асосии расидан ба ҳадафҳои хеш қарор медиҳад. Бо назардошти хавфи ҷамъиятӣ ва даҳшатнокии амалҳои террористӣ, зидди иҷтимоию зидди инсонӣ будани он, терроризмро ҳамчун феномени ҷамъиятӣ, ки истифодабарии зиддиҳуқуқии қувва ва таҳдидро ба хотири тарсонидани рақибон ва расидан ба ҳадафҳои хеш асос медонад, тасниф кардан мумкин аст.

Тамаддуни башарӣ дар марҳилаи муосири рушди худ ба раванду ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро тағйир дода натавонанд ҳам, вале онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ  ва умуман, дар раванди таърихии инкишофи халқу миллатҳо, давлатҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсири назаррас мерасонанд. Дар ин радиф ҷараёнҳои экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ аз ҳамаи ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ  доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи ин гуна ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои хатарнок ва коркарди роҳу усулҳои самарабахши мубориза ба муқобили онҳо  пеш меояд. 

Бояд тазаккур дод, ки терроризм ва экстремизм дар таърихи инсоният ҳодисаҳои нав нестанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои ҳокимият талош мекарданд, даст ба зӯрӣ, даҳшатафканӣ ва тарсонидани одамон мезаданд ва террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш ва расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ  истифода мебурданд. 

Дар Асрҳои Миёна, алалхусус дар кишварҳои аврупоӣ, терроризм ҳамчун шакли махсуси муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти динӣ мақоми махсус пайдо намуда буд. 

Умуман, чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳамаи давру замонҳо  нерӯҳои иртиҷоиву экстремистӣ барои нобуд намудани рақибон ва расидан ба мақсадҳои сиёсии худ  аз террор ба таври васеъ истифода мебурдаанд. 

Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро аксарияти ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои сиёсиву динии хусусияти эктремистӣ дошта, аз усули террор дар муборизаи сиёсии худ ба таври пардапӯшона ва махфӣ истифода мебаранд. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар ин миён алахусус  ташкилотҳои экстремистиву террористӣ Алқоида, ДИИШ ва Толибонро зикр кардан мумкин аст, ки саркардагони онҳо барои расидан ба ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсиии худ,  бо шиорҳои авомфиребона ҳазорон ҷавонони ноогоҳро ба доми худ афканда, аз онҳо «манқурт» месозанд ва то имрӯз тавассути онҳо ҳазорон нафар одамонро қатли ом кардаанд. Дар айни замон тамоми қувваҳои зиддитеррористии ҷаҳон асосан баҳри несту нобуд кардани ин гуна ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ сафарбар карда шудаанд. 

Терроризм ва экстремизм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гаштаанд.  Аз ин рӯ тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви қомилҳуқуқи ҷомеаи  ҷаҳонӣ  нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарноки глобалӣ   бетараф нест. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат –Пешвои Миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ пайваста дар радифи дигар масъалаҳои муҳим  ба масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар ва махсусан, пешгирии терроризм ва экстремизм таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша таъкид мекунанд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки  зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд.

Раҳмонова Маҳбуба-мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон