ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Ёвон: Вокуниш  

Имрӯз терроризм ва экстремизм дар тамоми ҷаҳон ба яке аз падидаҳои хатарнок табдил ёфтааст. Аз ин рӯ дар кишвар мақомоти дахлдор барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат бар зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ишғол мекунад.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амниятии на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода истодааст. Дар ин замина мақомоти дахлдори кишвар аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода бурда, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстремизми байналмилалиро таъсис дода, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок бартараф кардаанд.

Имрӯз, ки таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш гирифтааст, зарурияти тарѓибу ташвиқоти тарзи солими ҳамзиштӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон баръало ба назар мерасад.

Аз ин рӯ, ҳар як узви ҷомеа: волидайн, омӯзгорон, фаъолон, пирони соҳибтаҷриба, ходимони ҷамъиятию сиёсиро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавононро пайваста ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишандӯзӣ, ҳунаромӯзӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарзи ҳаёти солим, меҳнатдӯстӣ, инсонпарварӣ даъват карда, дар рӯҳияи садоқат ба Ватан тарбият намоянд. Дар натиҷа метавон ин падидахои номатлубро аз ҷомеа решакан кард.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд.

Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кӯҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пин-ҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт, мубориза миёни ду гурӯҳи давлатҳо, ду идеология - лагери сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи коммунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.

Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чи тавре ки дар аввали сӯҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд.

Гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дин нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимоя нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуд. Барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони ҷумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалӣ созанд. Дар натиҷаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динӣ, ташаккул ёфтани вазъи нави динии ҷумҳурӣ сатҳи диндории мардум якбора боло рафт.

Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.

Шодиев Давлат, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон