ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ -ИФТИХОРИ МАН!

Ёвон:  

Қабули аъзоён ба сафи ҲХДТ амали доимии кормандони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон мебошад. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон мунтазам миёни мардум тарғибу ташвиқи фаъолияти созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба роҳ монда, иброз медоранд, ки мақсаду ҳадафи ин ҳизби созандаву бунёдкор таъмини амнияту осоиштагӣ ва зиндагии шоистаи мардум аст. Натиҷа ҳамин аст, ки сафи аъзоён ба ин ҳизб рӯз аз рӯз афзоши ёфта истодааст ва ҷавонони содиқу ватандӯст соҳиби шаҳодатномаи аъзогӣ ба ҲХДТ-ро шараф ва ифтихор медонанд.